Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Оқибати ҷиноятҳои худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он, қаллобӣ ва муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ

 Қадриддинова Шафоат Қамаровна ва шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ барои  он  гунаҳкор  дониста  шудаанд, ки Қадриддинова Ш.Қ дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шавҳараш, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ моҳи июли соли 2017 бе ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда, сертификати ҳуқуқӣ истифодаи замин ва қарори Раиси шаҳри Душанбе майдони 0,06 га қитъаи замини маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансурро ғайриқонунӣ ишғол намуда, дар масоҳати 40,0 метри мураббаъ бо истифода аз масолеҳи сохтмонӣ худсарона ба сохмони манзили истиқоматӣ шурӯъ намуда, онро қисман ба анҷом расонидаанд...

 Моҳи июли соли 2017 Қадриддинова Ш.Қ,. бо мақсади тасарруф намудани молу мулки ғайр ба боварии шаҳрванд Назиров У.Н. даромада, ба номбурда 0,03 га қитъаи замини номбурдаро бо манзили истиқоматии сохтмонаш нотамом нишон дода, бовар кунонидааст, ки ин қитъаи замин ба ӯ таалуқ дошта, барои сохтмонӣ манзили истиқоматӣ ҷудо карда шудааст.

Номбурда бо роҳи фиреб ба боварии Назиров У.Н. даромада, аз ӯ маблағи 11.000 доллари ИМА талаб намуда, санаи 6 июли соли 2017 дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ҳангоми аз охирин гирифтани маблағи 6.000  доллари ИМА аз ҷониби кормандони ҳифзи  ҳуқуқ дастгир гардидааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансур аз 26 октябри соли 2017 Қадриддинова Ш.Қ. бо моддаҳои 338 қисми 3 банди “б”, 247 қисми 4 банди “б” ва 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ, яъне бароихудсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он, қаллобӣва муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣгунаҳкор дониста шуда, ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1660 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 83000 сомонӣ ва Муҳаммад Абдӣ Аҳмадалӣ бо моддаи 338 қисми 3 банди “б” Кодекси ҷиноятӣ, яъне бароихудсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он гунаҳкор дониста шуда, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзўр таъин гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ