Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Гирифтани пора

 Муовини директори коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат оид ба хоҷагӣ Ахмедов А.Р. ва аъзои  комиссияи қабули имтиҳонӣ Юсупов А.Х. барои он гунаҳкор  дониста  шудаанд, ки номбурдагон бо  маслиҳати  пешакӣ барои  ба коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дохил  намудани  довталаб Муҳидинова Ф.Қ. маблағи 1500 доллари ИМА ҳамчун  пора талаб  намудаанд...

 19 августи соли 2017 тахминан соати 1340 дақиқа Юсупов А.Х. ҳангоми дар утоқи кориаш гирифтани маблағи 10000  сомонӣ аз  ҷониби  кормандони мақомоти  ҳифзӣ ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса дастгир гардидааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Ваҳдат аз 7 ноябри соли 2017 Ахмедов А.Р. ва Юсупов А.Х. бо моддаи 319 қисми 4 банди «б» Кодекси  ҷиноятӣ, яъне барои гирифтани пора гунаҳкор дониста шуда, ба Юсупов А.Х. ҷазои  маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 солу 6 моҳ ва ба Ахмедов А.Р. ба муҳлати 7 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқӣ машғул шудан ба фаъолият дар соҳаи таҳсилоти олӣ ба муҳлати 4 сол таъин гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ