Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта

 16 январи соли 2018 дар  суди ноњияи Синои шањри Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбати Манонов С.Р. бо моддаи 1792 қисми 1 Кодекси  ҷиноятӣ баррасӣ  гардид.  Манонов С.Р. барои он гунаҳкор  дониста  шудааст, ки ӯ соли 2017 ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия қарор доштанаш бо аъзоёни иттиҳоди экстремистӣ-террористии “Давлати исломӣ” робитаи интернетӣ пайдо карда, мунтазам аз аъзоёни иттиҳод оид ба фаъолияти онҳо маълумот гирифта, ақидаҳои онҳоро дастгирӣ ва омодагиашро барои маблағгузории иттиҳоди террористии номбурда изҳор намудааст.

 Сипас, ӯ бо аъзои иттиҳод бо тахаллуси “Шом”  шахсияташ ба тафтишот номаълум ба воситаи сомонаи интернетии “Zello” робита пайдо карда, аз номбурда таълимоти ифротгароёна гирифтааст.

Манонов С.Р.  моҳи августи соли 2017  ба "Шом" ном шахси ба тафтишот номаълум, ки дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятии “Давлати  исломӣ” ҳамчун террорист фаъолият дорад, барои пеш бурдани фаъолияти террористии охирин ва иттиҳоди ҷиноятӣ ба воситаи низоми интиқоли маблағи электронии “Киви кошелёк” ба суратҳисоби номбурда 1000 рубли Федератсияи Россия гузаронидааст.

16 январи соли 2018 бо ҳукми суди ноњияи Синои шаҳри Душанбе Манонов С.Р. бо моддаи 1792 қисми 1 Кодекси  ҷиноятӣ, яъне барои маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта гунаҳкор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои  низомаш пурзӯр таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ