Хабарҳо

Ҷалилов Б.М. МАҲКУМ ГАРДИД

      Дар суди шаҳри Ҳисор парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷалилов Баҳодур Мухторович  бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси  ҷиноятӣ  баррасӣ  гардид.

      Номбурда барои он айбдор дониста шуд, ки ӯ бе иҷозатномаи махсуси Бонки миллии Тоҷикистон ба муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи хариду фуруши он машғул шуда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт 17 сентябри соли 2017 дар нуқтаи фуруши  ашёҳои мактабӣ, ки дар бозори марказии “Самоҳ,”-и шаҳри Ҳисор воқеъ аст, маблағи 4000 доллари ИМА-ро ба маблағи умумии 35220 сомонӣ бо шаҳрванд А. нархгузорӣ намуда, аз номбурда маблағи 4000 доллари ИМА харида, бар ивази он  маблағи 35220  сомониро фурухта, бо ин кирдори худ амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷиро анҷом додааст...

  Бо  ҳукми  суди шаҳри  Ҳисораз  6 октябри соли 2017 Ҷалилов Б.М. бо моддаи дар боло қайдгардида гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар  намуди ҷарима ба андозаи 730 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 36500 сомонӣ таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ