Хабарҳо

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  Имрӯз 15 декабри соли 2017 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъулини Прокуратураи генералӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи андоз, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд. 

   Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати иҷрои қонунгузории андоз вобаста ба натиҷаи баррасии санадҳои санҷиши маҷмӯии андоз, ки дар асоси дархостҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар давоми солҳои 2015-2016 ва нимсолаи якуми соли 2017 гузаронида шудаанд мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

  Доир ба ин масъалаҳо ахбороти кормандони масъули Прокуратураи генералӣ,Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони мутассадӣ шунида шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва вазъи қонуният дар ин самт баҳогузорӣ карда шуд.

Дар хотимаи ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковники адлия Юсуф Аҳмадзод Раҳмон дар назди масъулини вазорату идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонуншиканиҳо дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ