Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус барномаҳои ҳамкориро ба имзо расониданд

    Дар шаҳри Минск 24 ноябри соли 2017, Прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Ҷумҳурии Белорус Александр Конюк  вохӯрии корӣ баргузор намуданд, ки дар он ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳои ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуданд.

    Дар ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Маҳмудзода М., сардори Раёсати назорати  иҷрои қонунгузории нақлиёт ва гумрук Юсуфӣ М., прокурори шаҳри Гулистони вилояти Суғд Абдуллозода А. ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қ.Қоимдодов иштирок намуданд.

    Аз ҷониби Ҷумҳурии Белорус муовини Прокурори генералӣ Стук А. ва  дигар  шахсони  масъул  иштирок  доштанд.

    Дар рафти вохӯрӣ масоили ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ, таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсия, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, мубодилаи таҷриба дар амалисозии чорабиниҳои соҳави мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

    Дар чорабинӣ аз ҷониби Прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ва Ҷумҳурии Беларус Александр Конюк барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои ҳарду ҷониб барои солҳои 2018-2019 бо нишон додани чорабиниҳои мушахаси муштарак  ба  имзо  расонида  шуд.

 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ