Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ машғулияти семинарӣ

 17 ноябри  соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои  хоси  пешбурди  судии парвандаҳои  ҷиноятӣ оид  ба  ҷиноятҳои  ноболиғон” машғулияти  семинарӣ  баргузор  гардид.

 Қайд гардид, ки солҳои охир аз тарафи ноболиғон  содир кардани ҷиноятҳои вазнину махсусан  вазнин ба назар мерасанд, аз ҷумла ҷинояти авбошӣ бо истифодаи корд ва дигар предмети ба сифати силоҳ истифодашаванда зиёд ба қайд гирифта шудааст. 

Таҷрибаи тафтишотию судии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон  собит намуд, ки яке аз сабабҳои содир гардидани  ҷиноят аз тарафи ноболиғон ин аз таҳсилоти ҳатмии миёнаи  умумӣ  ва аз назорати волидайн дур мондани ноболиғон  ба ҳисоб меравад.

   Дар баъзе ҳолатҳо бо сабаби паст будани шароити  зиндагӣ ноболиғон ба ҷиноятҳои иқтисодӣ, яъне  дуздӣ, ғоратгарӣ ва роҳзанӣ даст мезананд.

Тибқи  қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 6 аз 12 декабри  соли 2002 «Дар бораи  таҷрибаи судии баррасии  парвандаҳо  оиди ҷиноятҳои ноболиғон» баррасии судии ин парвандаҳо  бояд бо риояи ҷиддии қонунгузории мурофиавӣ ба роҳ монда, он бояд барои ҳаматарафа таъмин намудани манфиатҳои ноболиғон, ҳимояи ҳуқуқҳои қонунии онҳо, таъини ҷазои одилона ва пешгирии содир намудани ҷиноятҳои нав мусоидат намояд.

Судҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки мутобиқи моддаи 10 Конститутсияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  баробари  санадҳои  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд.

Қайд кардан зарур аст, ки тафтиш ва баррасии судии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати ноболиғон хусусияти хоси худро дорад.       

Дархотимаи машғулиятвобастаба мавзӯи матраҳшаванда музокираҳо доир гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ