Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ машғулияти семинарӣ

 27 октябри соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣ  бо  ҷалби мутахассисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Омӯзиши қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои  хоҷагидор” машғулияти  семинарӣ  баргузор  гардид.

Қайд гардид, ки қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор  яке аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ба танзимдарорандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ба ҳисоб меравад.

Қоидаҳои мазкур тартиби гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро аз ҷониби мақомоти санҷишӣ мутобиқи талабот дар соҳаи мавзӯи санҷиш муайян карда, ба баланд бардоштани самаранокии ҳифзи саломатии шаҳрвандон, амнияти молу мулк, ҳифзи муҳити зист, амнияти ҷомеа равона гардидаанд.

Вайрон намудани қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор” ва қоидаҳои мазкур муқаррар шудаанд, асос барои беэътибор дониста шудани натиҷаи санҷиш мебошад.

Дар хотимаи машғулият вобаста ба мавзӯи матраҳшаванда музокираҳо доир гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ