Хабарҳо

СОДИР НАМУДАНИ ҶИНОЯТИ АВБОШӢ аз ҷониби Ҳаитов А.Б.

 Дар суди ноҳияи Ёвони  вилояти Хатлон 23 августи соли 2017  парвандаи ҷиноятӣ  нисбати Ҳаитов А.Б. бо моддаи 237 қисми 3 банди "а" Кодекси  ҷиноятӣ баррасӣ гардид...

Ҳаитов  А.Б. барои он аӣбдор дониста  шудааст, ки 27 феврали соли 2017 тахминан соатҳои 1400 ҳангоми ба автомашинаи боркашонии тамғаи Камаз рақами қаӣди давлатиаш 49-37 АР-01 аз деҳаи Қашқараҳаи ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон, дар  деҳаи номбурда бо Хоҷаев З. ки бо автомашинаи сабурави тамғаи Опел Астра рақами қаӣди давлатиаш 97-98 АВ 03 аз самти муқобил ҳаракат мекардааст вохурдааст.

 Сипас бо сабаби автомашинаи якдигарро  роҳ  надодан ӯ аз автомашина фаромада, аз  ҳиссиёти авбошона, номбурдаро  бо алфози қабеҳ дашном дода, дар ҳузури одамони зиёд Хоҷаев З.-ро мавриди лату куб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро муддати 15-20 дақиқа дағалона ваӣрон намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон аз 21 августи соли 2017 Ҳаитов Б.А. бо моддаи дар  боло  қаӣдгардида  гунаҳкор  дониста  шуда, ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ