Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ машғулияти семинарӣ

  6 октябри  соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣ бо ҷалби мутахасисони соҳаи андоз ва бо иштироки кормандон дар мавзӯи “Ҳолати иҷрои қонунгузории амалкунанда, ки рӯёнидани андозҳо аз молу мулки ғайриманқулро ба танзим медароранд” машғулияти семинарӣ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки андозбандии молу  мулки ғайриманқул яке аз манбаъҳои воридоти  маблағ ба буҷетҳои маҳҳаллӣ ба ҳисоб рафта, мақомоти ҳудудии андоз ва дигар мақомоти  маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ ба он бояд  таваҷҷӯҳи дахлдор зоҳир  намуда, дурустии баҳисобгирии онро ба роҳ монанд.

   Масъалаи андозҳо  аз молу мулки ғайриманқул, манбаъҳои пардохт ва тартибу меъёрҳои ситонидани он дар боби 41 ва моддаҳои 269-то 282 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.

  Тибқи талаботи моддаи 269 Кодекси андоз андозҳо аз молу мулки ғайриманқул барои истифодаи (ихтиёрдории) қитъаҳои замин ва (ё) объектҳои ғайриманқӯл пардохтшаванда муқаррар карда мешаванд. Яъне, андози замин, андоз аз объектҳои ғайриманқул. Зери мафҳуми молу мулки ғайриманқул-қитъаҳои замин, объектҳои ғайриманқул фаҳмида мешаванд. Қитъаҳои замин- заминҳое, ки барои истифода дода шудаанд ё амалан дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ё бе онҳо истифода мешаванд, объектҳои ғайриманқул- биноҳо, иморатҳо ва молу мулки дигари ба замин мустаҳкам насбгардида, яъне объектҳое, ки ҷойивазкуниашон бе расонидани зарари моддӣ ба онҳо ғайриимкон аст.

Дар    хотимаи машғулият вобаста ба мавзӯҳои матраҳшаванда музокираҳо доир гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ