Хабарҳо

Саидов М.М. маҳкум гардид.

 Дар суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 14 сентябри соли 2017 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саидов Мусаяб Маликович бо моддаи 200 қ.3 бандҳои “a,в,д”Кодекси  ҷиноятӣ баррасӣ гардид.

Саидов М.М. барои он гунаҳкор дониста шудааст, ки ӯ дар ҳолати ретсидиви  хавфнок бо мақсади ғайриқонунӣ  соҳиб шудан ва ба соҳибияти каси дигар додани воситаи нашъадор 16.06.2017 сол дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз шаҳрванд Тағойбеков М.Н. 100  грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш”-ро ба  маблағи  1.700  сомонӣ  харидори  менамояд. 18.06.2017 сол ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-чустучӯӣ Тағойбеков М.Н. дастгир гардида, зимни кофтуков  аз ӯ  воситаи нашъадори навъи ‘ҳашиш” ёфт гардидааст.

 Бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе  аз 14 сентябри соли 2017 Саидов М.М. бо  моддаи дар  боло  қайдгардида  гунаҳкор  дониста  шуда, ба муҳлати 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш сахт маҳкум  гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ