Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Шарифҷони З., Саидов С.С., Файзиев Р.С., Амирходжоев Р. ва Раҷабҷони З. маҳкум гардиданд.

 Аз ҷониби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Шарифҷони З. бо моддаи 187 қ. 2, моддаи 3072 қ.2 моддаи 3073 қ.2, моддаи 104 қ.2 бандҳои “ж, з, м,”, моддаи 32 қ.3-104 қ.2 бандҳои “ж, з, м”, 196 қ.3, моддаи 179 қ.3 бандҳои “а, г”, моддаи 195 қ.2 бандҳои “а, б”, моддаи 165 қ.4 бандҳои “а,б”, Саидов С.С. бо моддаи 187 қ.2, моддаи 3072 қ.2, моддаи 3073 қ.2, 1792 қ.1, Файзиев Р.С. ва Амирходжоев Р. бо моддаи 187 қ.2, моддаи 3072 қ.2, моддаи 3073 қ.2 ва ноболиғ Раҷабҷони З. бо моддаи 179 қ.3... 

 бандҳои “а”, “г”  Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардид. Номбурдагон барои он айбдор дониста шудаанд, ки Шарифҷони З. соли 2015 бо воситаи сомонаҳои интернетӣ бо аъзоёни фаъоли иттиҳоди ҷиноятии «Давлати исломӣ», ақидаҳои ифротгарона пайдо карда, бо онҳо робита барқарор намуда,  бародари ноболиғи худ Раҷабҷони З., писарамаконаш Амирходжоев Р. ва Файзиев Р.С.–ро барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ҷалб намуда, бо онҳо парчами «Давлати исломӣ»-ро омода намуда, дар гушаҳои гуногуни ш. Қурғонтеппа расм гирифта, онро дар саҳни масҷиди маҳаллаи Зарбдори ш. Қурғонтеппа овехтаанд.

13-уми августи соли 2016 Шарифҷони З. бо  супориши роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ бо сабаби ақидаҳои зиддидинӣ доштан ҳамсоядеҳааш сокини деҳаи Илтии ҷамоати  Меҳнатободи  ноҳияи Бохтар Назаров Қ.С.-ро бо истифодаи  корд ба қатл расонидааст.

Инчунин охирҳои соли 2016 барои анҷоми амалҳои террористӣ дар ҳудуди ш. Қурғонтеппа аз ҷониби аъзоёни “Давлати исломӣ” вазифадор шуда, ба воситаи низоми интиқоли маблағи пулии электронӣ дар ду ҳолат барои харидории элементҳои таҷҳизоти таркандаи худсохт аз хориҷа маблағгузорӣ гардида, 08.01.2017 сол таҷҳизоти таркандаи худсохти омодакардаашонро зери автомашинаи хизматии патрулии тамғаи ВАЗ-21010, рақами қайди давлатиаш 0515М03, гузошта, онро соати 0730 дақиқа ба воситаи занги телефонӣ ба кор дароварда, таркиш ба амал овардааст.

 Ғайр аз ин, ӯ 30.01.2017 сол таҷҳизоти таркандаи худсохти дигарро дар  кӯчаи Айнии ш. Қурғонтеппа, назди бинои №156, зери автомашинаи тамғаи  «Хундай Голлопер»-и  шаҳрванд Эгамбердиев Т.В. гузошта, соати 0757дақиқа ба воситаи занги телефони мобилӣ ба кор даровардааст, ки дар натиҷа таркиш ба амал омада ба автомашинаи мазкур ҳисороти калон расонида шудааст.

 Шарифҷони З. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, 12.03.2017 сол  соати 2130 дақиқа дар канори роҳи пиёдагарди кӯчаи Айнии ш. Қурғонтеппа, назди бинои Прокуратураи ҳарбии гарнизони Қурғонтеппа такроран таҷҳизоти таркандаи худсохт гузошта, ба воситаи мавҷи ратсия онро ба кор дароварда, дар натиҷа таркиш ба миён омада, пиёдагард Раҳмонов Ҳ. бо гирифтани  ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Бо ҳукми  колегияи суди оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.09.2017 солномбурдагон бомоддаҳои дар боло  қайдгардида гунаҳгор дониста шуда, Шарифҷони З. ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, Саидов С.С.15 сол, Файзиев Р.С. 14 сол, Амирходжоев Р.13 сол ва ноболиғ Раҷабҷони З. 5 сол аз озодӣ  маҳкум  гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ