Хабарҳо

Маҳкумшавии Маруфов О.С., Маруфов О.О., Расулов О.Ҳ., Садуллоев С.Х., Саидов Р.К. ва Хушмаҳмадов Ш.М.

  Дар суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятӣ нисбати Маруфов Осимҷон Салимович, Маруфов Олим Осимҷонович, Расулов Ориф Ҳасанович, Садуллоев Саидҷон Хуҷаевич, Саидов Раҳимбег Каримович ва Хушмаҳмадов Шарифбег Маҳмадуллоевич бо моддаи 247 қисми 4 баиди “б” Кодекси  ҷиноятӣ  баррасӣ гардид.

Номбурдагон барои он айбдор дониста шудаанд, ки Маруфов О.О., Расулов О.Ҳ., Садуллоев С.Х., Саидов Р.К. ва Хушмаҳмадов Ш.М. 10 январи соли 2011 ҶДММ “7 Бурҷ”-и шаҳри Душанберо таъсис дода, Маҳмудов С.А.-ро  ба вазифаи директори генералӣ ва Маруфов О.С.-ро ба вазифаи  директори  иҷроия  таъин  намуда,...

 дар асоси маслиҳати пешакӣ бо мақсади бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ тасарруф намудани молу мулки ғайр, фаъолияти корхонаро дар шакли пирамидаи молиявӣ ба роҳ монда, ба таври сохта якчанд хизматрасониҳо, аз қабили маркетинги шабакавӣ, хизматрасонии маркетингӣ, омӯзиши забонҳои англисӣ, дарсҳои комиютерӣ, ронандагӣ ва фуруши сабадҳои электрониро ба шаҳрвандон  пешниҳод  намуда,  дар давраи аз аввали соли 2011 то 24 июли соли 2013 дар 263 лаҳза  маблағӣ  1.090.251,16 доллари ИМА ва 9378,9  сомонии ба ҷамъияти  номбурда супоридаи шаҳрвандонро тасарруф  намуда, ба онҳо ба миқдори махсусан калон зарар расонидаанд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  аз 31 августа соли 2017 Маруфов О.С., Маруфов О.О., Расулов О.Ҳ.., Садуллоев С.Х., Саидов Р.К. ва  Хушмаҳмадов  Ш.М. бо моддаи дар боло зикргардида гунаҳкор дониста  шуда, ба Маруфов О.С.-8 сол,  Маруфов О.О., Расулов О.Ҳ,- 10-солӣ,  Садуллоев С.Х., Саидов Р.К. ва  Хушмаҳмадов Ш.М. - 11 солӣ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати  давлатӣ  ва  дар ташкилотҳои тиҷоратӣ вобастабуда ба муҳлати 4 солӣ таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ