Хабарҳо

Баргузории машғулиятҳои семинарӣ

 Баҳри иҷрои Нақша-чорабиниҳои таҳиягардидаи Прокуратураи  генералӣ аз  ҷониби кормандони масъули Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои  қонуният, тартиботи  ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералӣ мувофиқи Барномаи таълимии таҳияшуда, моҳи августи соли равон дар мавзӯҳои «Назорати  прокурорӣ  оид  ба  иҷрои  қонунҳо  ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ оиди хариди давлатӣ. 

  Тарзу усулҳои гузаронидани санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузории хариди давлатӣ», «Назорати прокурорӣ  оид  ба  иҷрои  қонунҳо  ва  дигар  санадҳои  меъёрию ҳуқуқӣ дар самти шаҳрсозию меъморӣ. Тарзу усулҳои гузаронидани санҷиши ҳолати  иҷрои  қонунгузории  шаҳрсозию  меъморӣ»,  инчунин бо дастгирии ташкилоти  ғайридавлатии  «Маркази ҳуқуқи инсон» дар мавзўӣ  «Асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкили фаъолияти мақомоти прокуратура оид ба назорати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), риояи ҳуқуқи шахсони мубталои бемории вируси норасоии масунияти одам» машғулиятҳо гузаронида шуданд.

Ин  машғулиятҳо  аз  7  то 10 август дар толори таълимии Донишкада бо ҷалби кормандони Сарпрокуратураи ҳарбӣ, прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ, шаҳи Душанбе ва ноҳияҳои он, нақлиёти Тоҷикистон, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, прокуратураҳои ҳарбии гарнизони Душанбе, Хоруғ ва Рашт, прокуратураи назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои  ислоҳӣ  ва  иҷрои  ҷазои ҷиноятӣ, аз 14  то 16 август дар прокуратураи вилояти Хатлон ва аз  23 то 26  август дар прокуратураи вилояти  Суғд машғулиятҳои сайёр баргузор гардиданд.

Дар рафти гузаронидани машғулиятҳо сардори шӯъбаи назорати иҷрои қонунгузории андози Прокуратураи генералӣ Халифазода М.Н., прокурорҳои калони Раёсати назорати умумии Прокуратураи генералӣ Усмонзода Г., Қурбонзода Т.Ҳ. ва муаллим прокурор -криминалисти Донишкада Раҳматов К.С. дар мавзӯҳои вобасташуда маърўзаҳои пурмазмун карданд. Мавзўҳои интихобшуда ба шунавандагон писанд омада  дар  рафти  машғулиятҳо  ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андохта шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ