Хабарҳо

Фахриддинов М.Т. МАҲКУМ ГАРДИД

 Дар суди ноҳияи  Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятӣ  нисбати  Фахриддинов Муҳиддин Тешаевич бо моддаҳои 32 қисми 3-4011 Кодекси Ҷиноятӣ баррасӣ гардид.

Фахриддинов  М.Т. барои он гунаҳкор дониста  шудааст, ки ӯаз соли 2003 мунтазам ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия рафта, 20 сентябри соли 2016  ба  шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафта, ҳангоми он ҷо қарор доштанаш бо “Мустафо” ном аъзои фаъоли ташкилоти экстремистй-террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” шиносоӣ пайдо намуда, аз ақида ва мақсадҳои ташкилоти зикршуда маълумотхои дахлдор пайдо намуда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. 

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои худ, Фахридинов М.Т. 20 апрели соли 2017 тавассути хатсайри «Москва-Истамбул» ба Ҷумҳурии Туркия  сафар  намуда, пас аз расидан ба ин мавзеъ бо роҳбаладӣ ва кумаки “Мустафо”, ки дар сафи аъзоёни ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати  исломии Ироқу Шом” дар ҳудуди Ҷумҳурии Сурияи Араб қарор дошт, барои худ ҳуҷҷати тасдиқдунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Халкии Хитой бо миллати уйғур дастрас намуда, аввал ба шаҳри Газиантеппа ва баъд ба шаҳри Хатай меояд. Ӯро шахси бовариноки “Мустафо” пешвоз  гирифта, бо ҷои зист таъмин намуда, иброз  мекунад, ки бинобар вазъи  номусоиди  сарҳад  мунтазир бошад ва бо  фаро  расидани шароити мусоид барои сарҳади давлатии Туркияро убур  намудан ва  ба Ҷумҳурии Сурияи Араб гузаштани ӯ кумак хоҳад кард.

Санаи 7 апрели соли 2017 дар рафти гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи  номбурда аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир карда шуда,  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 17 августи  соли  2017  Фахриддинов  М.Т. бо моддаҳои дар боло  зикргардида  гунаҳгор дониста  шуда,  ба  ӯ  чазои  махрум  сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ