Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

МАҲКУМШАВИИ АБДУСАТТОРОВ Ғ.А.

 Прокуратураи ноҳияи Шаҳринав тафтиши парвандаи ҷиноятӣ  нисбати сокини ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Сабо Абдусатторов Ғ. А.-ро бо аломатҳои моддаҳои 4011 ва 401 Кодекси ҷиноятӣ ба итмом расонида, бо тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба  суди ноҳия ирсол намуд. Абдусатторов Ғ.А. бо ҳукми суд барои он маҳкум гардид, ки ӯ соли 2013 дар Федератсияи Россия бо шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон ...

бо тахаллуси “Абунўҳ” шинос шуда, ғоя ва ҳадафҳои нопоки ташкилоти террористию эктремистии “Давлати Исломии Ироқу Шом”-ро дастгирӣ карда, барои иштирок дар задухўрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ дигар сокинони ноҳияро, ки дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, ҷалб намуда, онҳоро ба Ҷумҳурии Арабии Сурия сафарбар кардааст.

Бар замми ин, Абдусатторов Ғ.А. моҳи декабри соли 2015 бо мақсади ҷиҳод ва иштирок дар задухўрдҳои мусаллаҳона ва амалиётҳои ҷангӣ бо супориши аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ-эктремистии “Давлати Исломии Ироқу Шом” бо номи “Хайрулло”, ки шаҳрванди Ҷумҳурии  Қирғизистон мебошад, 5 адад шиносномаҳои қалбакӣ, ки ба номи шаҳрвандони дигар кишварҳо сохтакорӣ карда шуда буд ва 4200 доллари ИМА-ро аз ӯ гирифта, бояд  ба Ҷумҳурии Арабии Сурия рафта ба аъзои фаъоли ин ташкилоти террористӣ мерасонд.

Ҳангоми тавассути Ҷумҳурии Молдовия ба Ҷумҳурии Арабии Сурия рафтанаш номбурда бо 5 адад шиносномаҳои қалбакӣ боздошт гардида, минбаъд  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод карда шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи  Шаҳринав аз 14 июни соли 2017 Абдусатторов  Ғ.А. бо моддаҳои  дар  боло  қайдгардида  гунаҳгор  дониста  шуда,ба  муҳлати 14 сол, аз озодӣмаҳрум карда  шуд. 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ