Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Қонунвайронкуниҳо дар самти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”.

   Прокуратураи ноҳияи  Шаҳринав  ҳолати   иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар фаъолияти комиссияҳои доимии МИҲД ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мавриди санҷиш қарор дода, дар фаъолияти комиссияҳо қонунвайронкуниҳои зиёд аз қабили  таъмин накардани  иҷрои бандҳои дахлдори нақшаҳои  кори, мавҷуд набудани  маълумотҳо оиди иҷрои бандҳои нақшаҳои корӣ, ошкор накардани қонунвайронкунҳо ва ғайра ошкор намуд. 

 Дар як вақт, ҳангоми аз ҷониби  мақомоти прокуратура дар ҳудуди ноҳия гузаронидани танҳо 3 санҷиш 6 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор карда шуда, нисбати  6 нафар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

Дар натиҷа аз ҳар як қонунвайронкунанда ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба маблағи 5000 сомонӣ ҷаримаҳо рўёнида шуданд. 

 

 Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ