Хабарҳо

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ

    Имрӯз, 1О январи соли 2018 дар Прокуратураи генералӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ баргузор гардид, ки дар он муовини аввали Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Музаффар Қурбонмуҳаммад, муовинони Прокурори генералӣ, сардорони раёсату шӯъбаҳои Прокуратураи генералӣ, ёрдамчиёни калони Прокурори генералӣ оид ба супоришҳои махсус, прокуророн ва муфаттишони калон, прокуророни ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон, директори Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратура, прокуророни ҳарбии гарнизонхо, прокуророни ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳӣ ва нақлиёти Хатлону Суғд ширкат варзиданд.

   Дар ҷаласаи мазкур натиҷаи фаъолияти мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ дар соли 2017 ва муайян кардани вазифаҳои минбаъда дар таҳкими қонуният, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар соли 2018 мавриди баррасй қарор дода шуд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод фаъолияти мақомоти прокуратураро доир ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соли 2017 ҷамъбаст намуда, баҳри боз ҳам тақвият бахшидани назорати прокурорӣ, таъмини волоияти қонун ва таъмини фазои ягонаи ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ дар назди кормандон вазифагузорӣ намуд.

Дар ҷаласа ҳисоботи сардорони раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо шунида, ба фаъолияти онҳо баҳогузорӣ карда шуд.

Бо қарори ҳайати мушовара дар назди Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ, прокуророни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати минбаъд пурзӯр намудани назорати прокурорӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ