Хабарҳо

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

   Имрӯз – 26 майи соли 2017дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид.

Дар кори Шӯро роҳбарони Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  инчунин вазоратҳои корҳои хориҷӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, Маркази тадқиқотҳои стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Раёсату шуъбаҳои Прокуратураи генералӣ,  прокуророни ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, нақлиёти Тоҷикистон ва  прокуророни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

 Дар ҷаласаи Шӯроҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар соли 2016 ва семоҳаи якуми соли 2017, “Ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Точикистон “Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” дар қисмати кофтуков ва дастгир намудани ҷинояткорон, аз ҷумла вобаста ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ-экстреистӣ, инчунин иштирок дар фаъолияти таҳрибкоронаи ташкилотҳои экстремистию террористӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Доир ба ин масъалаҳо ахбороти кормандони масъули Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар вазорату идораҳои марбута шунида шуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва  вазъи қонуният дар ин самт баҳогузорӣ карда шуд.

Бо қарориШӯродар назди масъулинивазорату идораҳои номбурда ҷиҳати таъмини риояи қатъии қонунгузорӣ, сари вақт пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани қонуншиканиҳо дар соҳаҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошта  шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ