Хабарҳо

МАҲКУМШАВӢ БАРОИ ҚАТЛИ БЕРАҲМОНАИ ҲАМСАР

   Дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Шарипов М.Д. бо моддаи 104 қ. 2 банди «е» КҶ ҶТ баррасӣ гардид.

 Шарипов М.Д. барои он айбдордониста шудааст, ки ӯ тахминан охирҳои моҳи декабри соли 2005 бо Саидова М.М. тариқи расму оини динӣ оила барпо намуда, аз зиндагонии якҷояашон соҳиби се фарзанд шудаанд. 11.01.2017 тахминан соати 0730 дақиқа дар дохили манзили истиқоматиашон, воқеъ дар сӯроғаи боло зикршуда, байни Шарипов М.Д. ва ҳамсараш Саидова М.М. бинобар нофаҳмии ночиз дар муносибати оилавӣ «барои бе иҷозат ба хонаи падару модараш нияти рафтан кардани  Саидова М.М. муноқиша ба амал меояд.

 Зимни дар ошхона байнашон идома ёфтани муноқиша Шарипов М.Д. дар ғазаб шуда,  дар фарши ошхона  табарро, ки барои иҷрои корҳои хоҷагидорӣ нигоҳ дошта мешуд, дида бо мақсади амалӣ намудани ин нияти ҷинояткоронааш, бо дасти чапаш аз гиребони Саидова М.М. сахт дошта, аз замин бо дасти росташ табарро гирифта, қасдан бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтани охирон, бо бераҳмии махсус якчанд маротиба ба қисматҳои  гуногуни  сари завҷааш Саидова М.М. зарба зада, ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ расонидааст, ки дар натиҷа, Саидова М.М. аз таъсири ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонии гирифтааш дар ҷойи ҳодиса вафот кардааст.

Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 19 .04. 2017  Шарипов М.Д.бо моддаи дар боло  қайдгардида гунаҳгор дониста  шуда, ба муҳлати 23  сол аз озодӣ маҳрум карда  шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ