Хабарҳо

Маҳкумшавӣ барои иштирок дар гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ

   Дар  суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Аламуродов А.Т. бо моддаи 4011 КҶ ҶТ баррасӣ гардид.

Аламуродов А.Т. барои он айбдор дониста шудааст, ки ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ф.Россия қарор доштанаш бо аъзоёни экстремистӣ-террористии “Ҷанат ошиқлар”, “Тавҳид ва ҷиҳод”шинос шуда, бо даьватҳои номбурдагон оиди иштирок дар ҳайати гурӯҳҳои экстремистӣ террористӣ рози шуда, ғояҳо ва ақидаҳои ин гурӯҳҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст.

  Бо мақсади аьзои  гурӯҳи террористӣ шудан ва дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи кишвари Сурия иштирок намудан аввалҳои моҳи апрели соли 2016 тавассути хатсайри Душанбе-Стамбул парвоз намуда, сарҳади давлати Туркия ва Сурияро ғайриқонунӣ убур карда, дар ҳайати ин гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ ба муқобили қувваҳои қонунии давлати Сурия муддати тахминан 50 руз ҷангида, сипас боз сарҳади давлати Туркия ва Сурияро убур намуда,18.09. 2016 дар шаҳри Стамбул аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқӯқ дастгир гардидааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе  аз 17.04. 2017 Аламуродов А.Т. бо моддаи дар боло  қайдгардида гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 14 сол аз озодӣмаҳрум карда шуд

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ