Хабарҳо

САЗОИ НАШЪАҶАЛЛОБӢ

 20 марти соли 2017 дар суди ноҳияи И.Сомонӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қодиров П.С., Холов С.Н., Раҷабов М.С. бо моддаи 200 кисми 4 банди «д» ва Воҳидов С. бо моддаи 347 қ. 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Қодиров П.С., Холов С.Н., Раҷабов М.С. моҳи октябри соли 2016 аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Самандар Муҳаммад Амин, ки қаблан бо ӯ шинос шуда буданд,  дар ҳудуди шаҳри Душанбе 26 414,0 гр. воситаи нашъадори навъи «ҳашиш» ба даст оварда, онро то моҳи ноябри соли 2016 дар деҳаи Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Дурбат  шаҳри Ҳисор ғайриқонунӣ нигоҳ доштаанд.

 13.11.2016 Қодиров П.С. ва Раҷабов М.С. дар кӯчаи Макарови шаҳри Душанбе ҳангоми гузоштани халтаҳо ба бағоҷи автомашина дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, аз онҳо дар маҷмуъ 74 076 гр воситаҳои нашъадори навъи «ҳашиш» дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Қодиров С. аз ҷои ҳодиса ғайб зада, дар манзили истиқоматии Воҳидов С., ки аз ҷинояти номбурда тавассути рафиқаш Холов С.Н. хабар дошт, пинҳон шудааст. Воҳидов С.,  барои аз тафтишот пинҳон шудани Қодиров П.С. дар манзили истиқоматиаш шароит фароҳам оварда, ба мақомоти ҳифзи хуқуқ хабар надодааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 20.03.2017 Қодиров П.С., Холов С.Н., Раҷабов М.С. ва Воҳидов С. бо моддаҳои дар  боло зикр гардида гунаҳгор дониста  шуда, Холов С.Н. ба муҳлати 16 солу 6 моҳ, Қодиров П.С. ва Раҷабов М.С. ҳар кадом ба муҳлати  15 солӣ ва Воҳидов С. бошад, ба муҳлати 4 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ