Хабарҳо

ОҚИБАТИ ҚАЛЛОБИЮ СОХТАКОРӢ

    Санҷиши прокуратураи ноҳияи Шаҳринав муаӣян кардааст, ки собиқ мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини ноҳияи Шаҳринав Ахматов К.Р., собиқ сармеъмор Нозимов Ҳ.Ю., ва собиқ милитсионери РВКД-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақлиёт Қаюмов О.А. тибқи маслиҳати  пешакӣдавоми солҳои 2014-2016 бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ аз шаҳрвандон Ишонқулова О. 12 750, Дустмуродов И.-12 000, Раҳмонов И.-13 000 ва Ғуфронов С. 15 600, ҷамъ 53 350 доллари ИМА гирифта, ба онҳо аз заминҳои...

  корами обии хоҷагии деҳқонии И.Меликмуродов ғаӣриқонунӣ аз 0,05 то 0,06 гектарӣ ва дар маҷмӯъ маӣдони 0,30 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, бо истифода аз таҷҳизотҳои чопӣ  бо роҳи сохтакорӣ шаҳодатномаҳо дар бораи қонунигардонии молу мулк ва қарорҳои Раиси ҷамоати деҳоти А.Ҳасановро оиди гӯё дар ҳамин давраҳо ба номбурдагон ҷудо карда шудани заминҳои наздиҳавлигӣ  таӣёр карда додаанд.

Нисбати Аҳматов К. Р., Нозимов Ҳ. Ю., бо  моддаҳои 247 қ. 4, банди «а», 3381 қ. 2,банди «б» ва 340 қ. 2 банди «б» ва нисбати Қаюмов О. А. бошад,  бо  моддаҳои 247 қ. 4, банди «а» ва 3381 қ. 2 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва дар рафти тафтиши пешакӣ зарари расонидашуда ба маблағи 53 350 доллари ИМА (баробар ба 420 398 сомонӣ) пурра барқарор карда шудааст.

 Бо анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ  ба суд ирсол карда шуда, бо ҳукми суди ноҳия аз 10.02.2017 Аҳматов К. Р., Нозимов Ҳ. Ю.,  ва Қаюмов О. А бо моддаҳои номбурдаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аӣбдор дониста шуда, нисбаташон ҷазои маҳруми аз озодӣ ба мӯҳлати 4 солӣ таъин гардидааст.

 

 Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ