Хабарҳо

РИШВАДИҲӢ РОҲИ НАҶОТ НЕСТ

    Санҷиши прокуратураи ноҳияи Шаҳринав дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муаӣян  намудааст, ки мудири анбори Мактаб-интернати мазкур Низомов Б.М. маҳсулотҳои хӯроквории мӯҳлаташон гузашта ва ба талаботи стандарти давлатӣ ҷавобгӯй набударо дар анбор нигоҳ дошта, давоми моҳи январи соли 2017 ин маҳсулот дар тайёр намудани хуроки кӯдакони ятим  истифода шудааст. 

  Низомов Б.М. бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ раҳо ёфтан ба ёрдамчии прокурори ноҳия 3 000 сомонӣ пора пешниҳод намуда, 03.02. 2017 ҳангоми додани пора дастгир карда шудааст.

Баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ  нисбати  Низомов Б.М. бо моддаҳои 209 қисми 1 ва 320 қ. 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд ирсол карда шуда, ӯ бо ҳукми суди ноҳияба мӯҳлати 5 солу 6 моҳ  аз озодӣ маҳрум карда шуд.

 

 Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ