Хабарҳо

НАШЪАҶАЛЛОБ БА МАҲБАС РАФТ

    20 ноябри соли 2016 Хусравбеков  З. А. дар  ҳудуди ш. Душанбе   аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми интиқол ва ба соҳибияти каси дигар додани 1 кг 654,3 гр. маводи нашъаовари навъи «ҳашиш» дастгир карда шуд. Пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ  парвандаи ҷиноятӣ ба суд фиристода шуда, 3 феврали соли 2017 бо ҳукми суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе номбурда бо моддаи 200 қисми 3 бандҳои «в», «г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. 

  

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ