Хабарҳо

Мизи мудаввар дар мавзӯи Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм

  20 феврали соли 2017бо ташаббуси Прокуратураи генералӣ дар толори Китобхонаи миллӣ  дар мавзӯи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020: нақша ва дурнамои татбиқи он» мизи мудаввар  баргузор гардид.

 Дар чорабинии мазкур роҳбарон ва кормандони масъули вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Созмони Милали Мутаҳид, як қатор созмонҳои байналмилалӣ  ва сафирони кишварҳои хориҷӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.    

  Иштирокчиёни чорабинӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 12 ноябри соли 2016 қабул шудани  «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020-ро иқдоми саривақтӣ ва хеле муҳим дар роҳи пешгирии ин зуҳуроти номатлуб арзёбӣ намуданд.

   Қайд карда шуд, ки Стратегияи миллӣ самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи пешгирии экстремизм муайян намуда, амалӣ намудани он ба бартараф намудани омилҳои ифротгароӣ дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард.

  Дар робита ба ин иштирокчиёни мизи мудаввар вобаста ба муттаҳид намудани кӯшишҳои мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ  дар пешгирии ифротгароӣ андешаронӣ  ва мубодилаи афкор намуданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ