Хабарҳо

РИШВАГИРОН БА ДАСТ АФТОДАНД

 Соли 2016 дар  Муассисаи давлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода»  шуъбаи дорусозӣ таъсис дода шуда, қабули довталабон ба он тариқи шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. 

Директори Коллеҷи мазкур Сафаров Аҳмад Бурҳонович ва сармуҳосиб Ҳасанов Иброҳим Зубайдович бо мақсади ба даст даровардани фоидаи муфт дар вақти қабули ҳуҷҷатҳои довталабон бо волидони онҳо вохӯрда, шарт гузоштаанд, ки ба ғайр аз маблағи шартномавии муайяншуда маблағи иловагӣ дар ҳаҷми аз 1000 доллар то 1500 доллари ИМА супоранд.  

 Сафаров А.Б. ва Ҳасанов И.З. охирҳои соли 2016 ва аввалҳои соли 2017 аз волидони аксари донишҷӯёни шуъбаи мазкур, ки 51 нафар мебошанд, маблағҳои калони пулӣ талаб карда гирифтаанд.

Волидайни ду нафар донишҷӯён аз сабаби надоштани имконият маблағи иловагии талабкардаи Сафаров А.Б. ва Ҳасанов И.З.-ро дода натавониста, бо ин сабаб фарзандони онҳо ба супоридани имтиҳонҳои семестри аввали соли хониш роҳ дода нашуда, масъалаи хориҷ карда шудани онҳо гузошта шудааст.

Дар асоси муроҷиати номбурдагон аз тарафи Прокуратураи генералӣ санҷиш гузаронида шуда, муайян карда шуд¸ки 20 январи соли 2016 директори Коллеҷ Сафаров А.Б.  аз якеи онҳо 3500 сомонӣ ва 25  январи соли 2017 бошад, сармуҳосиби Коллеҷ Ҳасанов И.З. аз якеи дигари онҳо 8000 сомонӣ гирифтааст. Дар рафти чорабиниҳои гузаронидашуда далелҳои шайъӣ – маблағҳои ба ҳайси пора гирифташуда аз утоқи кории директори Коллеҷ Сафаров А.Б. ёфта гирифта шуд.

 Сафаров А.Б. ва Ҳасанов И.З. дастгир ва нисбати онҳо бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои “б, в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ