Хабарҳо

ЗАМИНФУРӮШ МАҲКУМ ГАРДИД

 20 январи соли 2017 дар суди ноҳияи Рудакӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Низомов М.А. бо моддаҳои 338 прим 1 қ.2 банди “б”,  247 қ.4 ва 340 қ.2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ гардид.

Низомов М.А. тирамоҳи соли 2013 тибқи маслиҳати пешакӣ бо роҳбари хоҷагии деҳқонии “Нури-Алӣ”- Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рудакӣ Азизов Р.Н. ба боварии сокини ноҳияи Рудакӣ Нуралиев Ф.М. даромада, дидаву дониста, ки замин моликияти... 

 истисноии давлат мебошад, ба ивази 12500 доллари ИМА ба ӯ 0,05 га қитъаи замини корами обии хоҷагии деҳқониро ғайриқонунӣ вобаста  намуда, дар ин хусус бо роҳи сохтакорӣ қарори Раиси Ҷамоати деҳот “Оққурғон” аз 29.04.2004-ро дар бораи ба номи ҳамсари ӯ ҷудо  намудани қитъаи мазкур  тартиб дода ба ӯ додаанд.

Бо ҳукми суди ноҳияи Рудакӣ Низомов М.А.  бо моддаҳои номбурда КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 9  сол, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр маҳкум карда шудааст.  

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ