Хабарҳо

МАҲКУМШАВӢ БАРОИ ҚАСДИ ПАЙВАСТАН БА ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ

 Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов М.М. ҳангоми дар Федератсияи Россия қарор доштанаш бо ҳамдеҳааш Бурҳонов М.С., ки айни ҳол дар сафҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии бо ном “Давлати исломӣ” муқобили Ҳукумати  қонунии  Ҷумҳурии Сурияи Араб меҷангад, тавассути шабакаи  иҷтимоии «Одноклассник» мулоқот намуда, бо ғоя ва мақсадҳои ташкилоти экстремистӣ-террористии “Давлати исломии Ироқу Шом” шинос шуда, онҳоро қабул ва нияти ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан кардааст.

 Бо мақсади ноил гардидан ба нияти худ ӯ бо ду нафар шаҳрвандони дигари Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд, қасди сафар намудан ба Ҷумҳурии Сурияи Араб ва иштирок намудан дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаро намуда, 16.09. 2016  аз  ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шудааст.

Воҳидов  М.М. 23 январи соли 2017 бо ҳукми суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе бо моддаҳои 32 қисми 3-4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт маҳкум карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ