Хабарҳо

МАҲКУМШАВӢ БАРОИ СУИҚАСД БА ҚАТЛ ВА РОҲЗАНӢ

 2 декабри соли 2016 Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбатиМеҳрубони Абдусууди  Сироҷзода бо м. 32 қ. 3-104 қ. 2 б. “е”, “и”,  “л” ва  249 қ. 3 б. “а”, “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуд.

Меҳрубони А.С. барои он айбдор карда шудааст, ки дар манзили истиқоматии деҳаи Гачак, Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод шаҳри Ҳисор Юсупова Ч.Х., иҷора нишаста, бо мақсади куштори соҳибхона ва тасарруф намудани амволи ӯ 01.04.2016 бо болғаи оҳанин ба сари Юсупова Ч.Х.  якчанд зарба задааст. 

Ӯ ҷабрдидадро фавтида гумон карда, гушворҳои ӯро аз гӯшҳояш кашида гирифта, аз дигар ҳуҷраҳои хона молу мулки ӯро тасарруф ва аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Юсупова Ч.Х., бо расонидани ёрии тиббӣ аз ҷониби писараш Ҳакимов  А.С., аз марг наҷот дода шудааст.

Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ  Меҳрубони А.С. бо моддаҳои дар боло номбурдаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста шуда, бо  роҳи  қисман  зам  кардани ҷазоҳо, ба муҳлати 21 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомашсахт маҳкум  гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ