Хабарҳо

Муаррифии Стратегияи миллӣ оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар байни намояндагони мақомоти маҳаллии кор бо занон ва оила

 Чуноне, ки қаблан хабар дода шуда буд, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 12 ноябри соли 2016, №776 Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020 тасдиқ карда шудааст. Яке аз вазифаҳои марҳилаи аввали татбиқи Стратегияи мазкур (соли 2016)  муаррифии васеи Стратегия  ва ҷалб намудани таваҷҷуҳи мақомоти давдатӣ ва аҳли ҷомеа  ба он буда, ҳамзамон   бахши  махсуси он ба масъалаҳои гендерӣ ва ҷалби занон  ба  пешгирии  экстремизм  бахшида шудааст.

 Ҷиҳати амалӣ намудани ин вазифаҳо  1 декабри соли равон сардори  Шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Прокуратураи генералӣ Халифазода М.Н.,   дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо шунавандагони  курси  такмили ихтисос аз рӯи барномаи “Зан-роҳбар”  машғулият гузаронида, дар рафти он муқаррароти Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020 –ро ҳамаҷониба муаррифӣ  намуд.

Дар машғулиятҳои мазкур намояндагони шуъба (бахш)- ҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тамоми минтақаҳои мамлакат (23 нафар)   иштирок намуда, вобаста ба таҳия  ва татбиқ  намудани чорабиниҳо оид ба иҷрои муқаррароти Стратегияи миллӣ дар сатҳи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот, ҷамоаҳои маҳаллӣ, хусусан дар мавриди кор бо занон тавсияҳои судманд гирифтанд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ