Хабарҳо

БЕАНДЕШАГӢ БА КУШТОР ВА ПАСИ ПАНҶАРА БУРД

 Аз 14 то 24 октябри соли 2016 дар суди ш. Душанбе бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ  нисбати Муҳаммадиев Исматуллоҳ Шамсуллоевич, Абдураҳимов Дарвеш Қурбоналиевич ва Алибаев Нуриддин Мамараҳимович бо моддаҳои 104 қ. 2  бандҳои «в», «з» ва 243 қ. 2 банди «а»  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Муҳаммадиев И.Ш. 27.07.2016 тахминан соати 2200  бо ҳамроҳии рафиқонаш Абдураҳимов Д.Қ ва Алибаев Н. дар ҷои кораш- 

 тарабхонаи “Истаравшан”-и  ш. Душанбе бо мизоҷи ҳозиршуда Боймурзаева Ф.А., ки пиво менӯшид, шинос шуда, маслиҳат намудаанд, ки бо истифода аз  мастии Боймурзаева Ф.А. ӯро ба хонаи Абдураҳимов Д.Қ. бурда, бо ӯ ҳамхоба мешаванд. Дар  хонаи Абдураҳимов Д.Қ. онҳо пивонӯшӣ ва суҳбаташонро идома дода, Муҳамадиев И.Ш. кӯшиш кардааст, ки бо Боймурзаева Ф.А. алоқаи ҷинсӣ намояд, аммо охирон рад намудааст. Номбурдагон  бо истифодаи болишт Боймурзаева Ф.А.-ро нафасгир намуда, ва ба ҳалокат расонидаанд. Сипас  номбурдагон ҷасади ӯро ба қисмҳо ҷудо карда, ба самти дарёи Душанбе, бурда, назди Қасри варзишӣ аз болои пули оҳанини одамгузар ба дарё партофтаанд.

 Бо ҳукми суди ш. Душанбе аз 24.10.2016 аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Алибаев Н.М. ба муҳлати 21 сол, Абдураҳимов Д.Қ. 20 сол ва ба Муҳаммадиев И.Ш. 19 солу 6 моҳ бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ