Хабарҳо

КУШТОРИ ҲАМСАР АЗ РӮИ ГУМОН БА ХИЁНАТ

 Аз 10 то 17 октябри соли 2016 дар суди шаҳри Душанбе  парвандаи ҷиноятӣ нисбати сокини шаҳри Душанбе  шаҳрванд Агамалиев Бахтиёр Ашурович бо моддаҳои 104 қ. 2  банди «в» ва 243 қ 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Агамалиев Б.А. барои он айбдор карда шудааст, ки  ҳамсараш Низамова Ш.Р.-ро дар  сабукпоӣ ва ишқварзӣ бо мардони бегона гумонбар шуда, аз рӯи бадбинӣ ва рашк субҳи 21 июли соли 2016 тахминан соати 0400 дақиқа, ҳангоми хоб будани кӯдакони... 

  хурдсолаш бо истифода аз ҳолати оҷизӣ, яъне аз таъсири машруботи спиртӣ дар ҳолати мадҳушӣ ва хоб қарор доштани ҳамсараш Низамова Ш.А. бо роҳи дар рӯяш зер кардани болишт, нафасгир намуда, ба ҳалокат расонидааст.

Сипас, бо мақсади рӯйпуш намудани изи ҷинояти содирнамудааш худи ҳамон рӯз ҷасади ҳамсарашро ба ҳамоми хона дароварда, дар дохили ванна онро ба қисмҳо ҷудо намуда, дар якчанд халтаи селофанӣҷойгир кардааст. Баъдан аз соати 1200 дақиқа то 2000  ҳар як ин халтаҳои селофаниро дар алоҳидаги ба  назди маркази савдои “Ёвар”бурда, ба дарёи “Душанбе” партофтааст.

 Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 17 октябри соли 2016 Агамалиев Б.А. бо моддаҳои 104  қ. 2 банди «в» ва 243 қ. 1 КҶҶумҳурии Тоҷикистон   гунаҳгор дониста шуда, ба ӯҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол, бо адо кардани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш сахт, таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ