Хабарҳо

ОҚИБАТИ МУСОИДАТ БА ТЕРРОРИЗМ

 14 ноябри соли 2016 дар суди н. Исмоили Сомонии ш. Душанбе  бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати сокини деҳаи Ҷангалободи ш.Ваҳдат Давлатов О.Ҳ., бо моддаҳои 187 қ. 2, 4011,1792қ. 1, 1792қ. 3 банди “а”, 165 қ. 4 бандҳои "а", "б", 32 қ. 1-195 қ. 3 КҶҶумҳурии Тоҷикистонбаррасӣ гардид.

Давлатов О.Ҳ. барои он айбдор дониста шудааст, ки ӯ   бо мақсади дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани мақсадҳои ташкилоти экстремистию террористии бо ном “Давлати Исломӣ”...

маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидоштаро ба зимма гирифта, 5.03.2015 аз боварии шиносаш Рауфов М.Ю., ки аз мақсади ҷинояткоронаи ӯ хабар надошт сӯйистифода намуда, ба воситаи номбурда, аз дӯкони чиптафурушии ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе ба Гиёев Қ.П. барои ба давлати Сурия рафта, ба  муқобили  ҳукумати  қонунии ин давлат ҷангидан чиптаи ҳавопаймои хатсайри Душанбе-Истамбул-Алмаато  чипта харида, сафари ӯро маблағгузорӣ кардааст. Гиеёв Қ.П., бо истифода аз ин чипта 6.03.2015 аз шаҳри Душанбе ба  шаҳри Истамбул  парваоз карда, аз он ҷо вориди давлати Сурия гашта, дар задухурдҳои мусаллаҳона муқобили ҳукумати қонунии ин кишвар иштирок карда истодааст. Давлатов О.Ҳ.  ҳамин гуна  ба сокини ш. Ваҳдат, деҳаи Ҳоҷиқатаған шаҳрванд Тағоймуродзода М.С. ва фарзандони ӯШокиров А.Д. 01.01.2011 ва  Шокирова Р.Д. 06.10.2014  соли  таваллудашон ба таври насия чипта харидорӣ намуда, сафари онҳоро маблағгузорӣ кардааст. 

 

Ба ғайр аз ин Давлатов О.Ҳ. тибқи супориши тавассути барномаи интернетии «WhatsaApp”  аз узви ташкилоти террористии мазкур  -Усмонов Ҳ.М., гирифтааш 2 000 доллари ИМА маблағи пулии дар ҷои нишондодаи ӯ – кӯчаи ба номи Қаробоеви шаҳри Душанбе қарордоштаро гирифта, онро ҷиҳати маблағгузории молиявии ин ташкилоти террористӣба шахси ба тафтишот номаълум додааст.

Бо ҳукми суди н. И. Сомонӣ аз 14  ноябри  соли 2016  Давлатов О.Ҳ. бо  моддаҳои 187 қ. 2, 4011,1792қ. 1, 1792қ. 3 банди “а”, 165 қ. 4 бандҳои "а", "б", 32 қ. 1-195 қ. 3 КҶҶумҳурии Тоҷикистонгунаҳгор дониста  шуда, ба ӯҷазои  маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 17 солбо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъинкарда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ