Хабарҳо

КУШТОР ДАР ЗАМИНАИ ХУСУМАТ

 28.11.2016 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ парвандаи ҷиноятӣ нисбати сокини деҳаи Ҳаймаҳмадӣ, Ҷамоати деҳоти Бӯстон, ноҳияи ФайзободРаҷабов К.З. бо моддаи  104 қ. 2  банди «е» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон   баррасӣ гардид. Раҷабов К.З. 07.08.2016 бо ҳамдеҳааш шаҳрванд Раҳматуллоев С.А. дар заминаи хусумати пеш доштаашон муноқиша ва якдигарро лату кӯб карда, дар ин давом бо корди хоҷагии дар дасташ буда  бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими Раҳматуллоев С.А., якчанд зарба зада, ўро ба ҳалокат  расонидааст.

Бо ҳукми коллегияи  судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 28.11.2016 сол Раҷабов К.З. бо моддаи 104 қ. 2 банди «е»  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ў ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати 18 сол, бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст. 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ