Хабарҳо

НАШЪАҶАЛОБОН МАҲКУМ ГАРДИДАНД

 2 ноябри соли 2016 дар суди ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе парвандаи ҷиноятӣ нисбатиСатторов Суҳроб Абдусаломович ва Насридинов Маҳмадрозиқ Авғонович бо м. 200 қ. 4 банди «д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Сатторов С. А. ва Насридинов М. А.барои он айбдор дониста шудаанд, ки 25.09. 2016 сол  аз шаҳрванд Ғафоров А.А. 29 кг маводи нашъадори навъи “ҳашиш”-ро дастрас  намуда, бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ин миқдор воситаи нашъадорро дар автомашинаи тамғаи...

“Мерседес-180”, ки таҳти идораи Насриддинов М.А. қарор дошт, ҷойгир намуда, барои ба вилояти Суғд  интиқол додан ба роҳ мебароянд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Насриддинов М.А. дар кўчаи М.Турсунзода, дар назди бинои Донишгоҳи  славянии Тоҷикистону Россия дастгир карда шуда, аз дохили автомашинаи ў 29 кг маводи нашъадори навъи “ҳашиш” ёфта гирифта шуд.

Доир ба ин ҳолат 27.09.2016 сол аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Сатторов С.А. ва Насридинов М.А. бо моддаи 200 қисми 4 банди «д» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.

Бо ҳукми Суди ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе аз 2 ноябри соли 2016  судшавандагон Сатторов С. А. ва Насридинов М. А. бо моддаи 200 қ. 4 банди «д»  КҶ  Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба  Сатторов С.А. ҷазо ба муҳлати 17 сол  ва ба Насридинов М.А. ҷазо ба муҳлати 16 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин гардида, далели шайъӣ, автомашинаи тамғаи “Мерседес-180” ба фоидаи давлат мусодира карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ