Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

Дар Прокуратураи генералӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон

дар нимаи аввали соли 2016

   Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 ва Нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо дар нимсолаи аввали соли 2016   рӯзи 04 августи соли  2016 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори..

омма  баргузор гардид. Қайд карда шуд, ки мақомоти прокуратура дар ин давра ҷиҳати таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,  инчунин мубориза бо ҷинояткорӣ корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.

Дар самти назорати иҷрои қонунҳо, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд 3102  санҷиш гузаронида шуда, бо натиҷаи онҳо 31 561 санади эътиноӣ татбиқ карда шуда, 12 200 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 1672 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

   Аз ҷумла, вобаста риояи қонунгузории замин 1309   санадҳои эътиноӣ бароварда шуда, 2172   нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва  моддӣ кашида шуда, 556 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 7269  га замин ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.

Дар рафти санҷишҳои ҳолати қонунгузорӣ дар бораи назорати асъор 104 парвандаи ҷиноятӣ ва 321 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва пешгирии  фурўши маҳсулоти пастсифат 140 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ карда шуда, 850 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 133 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

   Аз тарафи мақомоти прокуратура дар ин давра 276,4  млн.  сомонӣ зарарҳои молиявии аз амалҳои ҷиноятӣ ва дигар қонунвайрокуниҳо расонидашуда барқарор карда шуд, ки аз миқдор 166,4 млн. сомонии он ба манфиати давлат мебошад.

Ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи андоз ва гумрук   2 220   санадҳои эътиноӣ татбиқ карда шуда, 2673 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуда, 104 парвандаи ҷиноятӣ оғоз   карда шудааст.

    Оид ба риояи қонунгузорӣ оид ба  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд 436 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ карда, 206 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 1648 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва  маъмурӣ кашида шудааст.

    Аз ҷониби ноболиғон дар ин давра  410 ҷиноят содир шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 12 ҷиноят ё 3 фоиз кам мебошад. 

Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 12 519  ҷиноят ба қайд гирифта шуда, кушодашавии онҳо 87,3  фоизро ташкил медиҳад.

Фаъолияти прокуратура дар самти ошкорсозии ҷиноятҳо беҳтар гардида, кормандони он 3 933 ё 31,5 фоизи ҷиноятҳои дар ҷумҳурӣ бақайдгузошташударо ошкор намудаанд.

   Назорати прокурорӣ ба тафтиши пешакӣ  бо 11 859  парвандаи ҷиноятӣ таъмин карда шуда, муфаттишони прокуратура бо анҷоми тафтиши пешакӣ 1972  парвандаро ба суд ирсол намудаанд.

Прокуророн дар баррасии судии 5004 парвандаҳои ҷиноятӣ ва 2944 парвандаҳои гражданию иқтисодӣ иштирок карда, ба судҳо  470  даъво ба маблағи зиёда аз 260  млн.   сомонӣ пешниҳод намудаанд.

Мақомоти прокуратура дар оянда низ ҷиҳати таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу ва озодиҳои инсон ва мубориза бо ҷинояткорӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералии

Ҷумҳурии Тоҷикистон