Хабарҳо

Риоя накардани забони давлтии Ҷумҳурии Тоҷикистон !

Прокуратураи вилояти Хатлон, ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, мавриди санҷиш қарор дод.

    Санҷиш нишон дод, ки Мусозода Шодӣ Абдухолиқ аз 7 январи соли 2018 инҷониб роҳбарии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро бар ӯҳда дошта, ҳамчун шахси мансабдор вазифаҳои худро ба таври дахлдор иҷро накарда, талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тодикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тодикистон»-ро риоя накардааст.

  Тибқи талаботи қисмҳои 1-3 моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тодикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тодикистон», матни муҳру тамғаҳои мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва инчунин соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ навишта мешавад. Вале, ин талаботи қонунро Мусозода Ш.А. риоя накарда, муҳр ва тамғаҳои ба забони ғайридавлатӣ навишташудаи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро то ин ҷониб истифода кардааст.

    Инчунин, тибқи талаботи қисмҳои 1-2 моддаҳои 18-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тодикистон», номгузории тамоми ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликияташон ба забони давлатӣ сурат гирифта, ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тодикистон ба забони давлатӣ навишта мешаванд. Вале, ин талаботи қонунро низ Мусозода Ш.А. риоя накарда, номи раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлонро ба забони ғайридавлатӣ навишта, дар даромадгоҳи бино овезон намудааст.

    Бо қарори суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, аз 28 марта соли 2022 нисбати Мусозода Ш.А. ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 30 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 1920 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

 

     Маркази матбуоти Прокуратураи

     генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон