Хабарҳо

Одамкуши бо мақсади пинҳон кардани амали нопок !

  Проскуряков Сергей Степанович, зодаи Федератсияи Россия,  бешаҳрванд, муваққатан истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти Ҷиликули вилояти Хатлон, ҷинояти одамкӯширо дар ҳолати зерин содир намудааст.

   Чунончӣ, ӯ санаи 09.09.2021 сол тахминан соатҳои 15 ба 16 дар ҳолати мастию майзадагӣ аз ҷои зисташ, ба кӯча баромада бо ноболиғ Н.Р., соли таваллудаш санаи 17.12.2016, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи мазкур, ки мақсади ба назди модараш рафтанро дошт вохӯрдааст.

   Проскуряков С.С. дар сараш мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвонӣ пайдо гардида, аз фурсати барояш муносиб истифода намуда, бо мақсади амали намудани қасди ҷинояткоронааш хурдсол П.Р.-ро бо роҳи фиреб ба ҷойи хилвати беодам, дохили замини ҷуворимакка бурда, дидаю дониста, ки хурдсол Н.Р. дар назди ӯ оҷизу нотавон ҳаст, дастону пойҳои ӯро бо ресмонҳои полиэтилении бо худ доштааш баста, дар маъқади ноболиғи номбурда ҳаракати зӯроварии хусусияти шаҳвонӣ анҷом додааст.

   Минбаъд, Проскуряков С.С. бо мақсади пинҳон намудани ҷиноятӣ содирнамудааш қасдан хурдсол Н.Р.-ро бо брижаи дар танаш буда буғӣ карда, ба ҳлокат расонида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

   Нисбати Проскуряков С.С. аз ҷониби прокурори ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,е” ва 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

    Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон, аз 16 декабри соли 2021 Проскуряков С.С. бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в,е” ва 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо дастрасии моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо ба мӯҳлати 28 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шудааст.     

 

 

        Маркази матбуоти

        Прокуратураи генералӣ