Хабарҳо

Сӯиқасд ба куштор !

  Султонов Абдусатор Раҷабович, соли таваллудаш 2000 сол, зодаи ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол, деҳаи Меҳрободи вилояти Хатлон, донишчӯи бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ҷиноятҳои авбошӣ ва сӯиқасди одамкушӣ аз ҳиссиёти авбоширо дар ҳолатҳои зерин содир намудааст.

   Чунончӣ, ӯ 10 майи соли 2021, тахминан соатҳои 09:00 ба 09:30 бо ҳамроҳии бародараш Султонов Умед Раҷабович, санаи таваллудаш 18 августа соли 1990, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати деҳоти С.Истиқлол, деҳаи Меҳрободи вилояти Хатлон, бо мақсади бо девор маҳкам кардани 2 метр замини роҳи пушти дарвозаи манзили истиқоматиашон, ки он роҳ берун аз манзили истиқоматии ҳамсояашон Болтаев Абдулмумин Ғуломович мебошад, дар онҷо таҳкурсии беттонӣ рехтанӣ шуда, корро оғоз намудаанд. Сипас, шаҳрванд Болтаев Абдулмумин Ғуломович, бародараш Болтаев Саймумин Ғуломович ва писари Болтаев А.Ғ. Фирдавсӣ Абдулмумин огоҳ шуда, ба онҷо омада, охирон аз Султонов У.Р. ва Султонов А.Р. хоҳиш намудаанд, ки роҳи даромади манзили истиқоматиашонро маҳкам накунанд. Султонов У.Р. ва Султонов А.Р. бошад, ба хоҳиши онҳо ҷавоби рад дода, аз ин сабаби ночиз дар ин замина байни онҳо муноқиша cap зада, Султонов У.Р. ва Султонов А.Р. аз ҳиссиёти авбошӣ дидаю дониста, ки дар ҷои ҷамъиятӣ қарор доранд, нисбати Болтаев С.,Ғ. Болтаев А.Ғ. ва Фирдавси А. зӯроварӣ нишон дода, онҳоро мавриди лату кӯб қарор дода, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудаанд.

   Ҳангоми муноқиша, Султонов Абдусатор Раҷабович, боз ҳаракатҳои авбошонаи худро идома дода, аз ин кори худ қонеъ нашуда, бо мақсади касдан аз ҳаёт маҳрум намудан аз саҳни ҳавлии манзили истиқоматиашон як адад корди ошхонагиро гирифта, бе ягон асос аз ҳиссиёти авбошӣ ба Болтаев С.Ғ., Болтаев А.Ғ. ва Фирдавси А. ҳуҷум карда, бо корди дар даст доштааш, бо мақсади анҷом додани қасди ҷинояткоронаи худ, яъне аз ҳаёт маҳрум намудан ба тарафи мавқеи қафаси сина-шуши рост ва миокарди дили Болтаев С.Ғ., ба қафаси синаи Фирдавси А. дар мавқеӣ шуши чапи ӯ аз тарафи чап дар сатҳи ковокии қафаси сина ду-се маротиба ва як маротиба ба пои Болтаев А.Ғ., зарба зада, ба Болтаев С.Ғ. ва Фирдавси А. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расондааст.

  Оиди ҳолати мазкур, санаи 10 майи соли 2021, аз тарафи прокурори вилояти Хатлон, нисбати Султонов Абдусатор Раҷабович, парвандаи ҷинояти бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2, бандҳои “а” ва “к”, 237 қисми 3, банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нисбати Султонов У.Р. бо моддаи 237 қисми 3, банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ва тафтиши пешакӣ анҷом дода, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣба суд фиристода шудааст.

   Бо ҳукми суди вилояти Хатлон, аз 29 октябри соли 2021 Султонов Абдусатор Раҷабович, бо моддаҳои 32 қисми 3-104 қисми 2, бандҳои “а” ва “к”, 237 қисми 3, банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар асоси талаботи моддаи 67 қисмҳои 1-3-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо нисбаташ ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар коллонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шудааст.

   Султонов Умед Раҷабович, бо моддаи 237 қисми 3, банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтаназ озодӣ ба муҳлати 3 сол бо адо намудан дар коллонияи ислоҳии низомаш умуми таъин карда шудааст.     

 

      Маркази матбуоти

      Прокуратураи генералӣ