Хабарҳо

Иҷрои талаботҳои қонунгузории танзим ҳатмист !

   Аннамова Бибиоиша Абидовна, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷамоати деҳоти “Г.Гулмуродов”, деҳаи Қаҳрамони вилояти Хатлон, бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, ба чунин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задааст.

   Чунончӣ, ӯ рӯзи 8 сентябри соли 2021 рӯзона дар ҳавлии истиқоматиаш воқеъ дар суроғаи дар боло зикршуда бидуни хабардор намудани мақоми ваколатдор ва комиссияи доимии маҳаллӣ доир ба баргузории «хатнасур», маъракаи «хатнасур»-и наберагонаш, Аннамов Жангелди Бердимуродович ва Аннамов Керим Бердимуродович-ро бо додани таом ба ҳамсоягон ва хешу таборонаш гузаронида, баъдан худи ҳамон рӯз аз соати 1900 то соати 2200 дар назди ҳавлии истиқоматиаш бо хизматрасонии санъаткорон базми туйи «хатнасур»-ро гузаронидааст.

    Прокурори ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, нисбати Аннамова Б.А., бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз намуда, ба суд ирсол намудаст.

Бо қарори суди ноҳияи Дӯстӣ, Аннамова Б.А. ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудааст.

 

      Маркази матбуоти

      Прокуратураи генералӣ