Хабарҳо

Иҷрои талаботҳои қонунгузории танзим ҳатмист !

   Буранов Абдуғафор Зоирович, сокини шаҳри Левакант, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Истиқлол, бархилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, ба чунин ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ даст задааст:

   Чунончӣ, тибқи тавсияномаи додашудаи сармутахассиси танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти Вахдат, шаҳрванд Буронов А.З. мебоист баргузории тӯи домодию арӯсии духтараш Зоирова О.А. ва домодаш Сайдуллоев Б.И-ро 7 августа соли 2021 аз соати 8 то 10-и рӯзона дар манзили истиқоматияш, воқеъ дар суроғаи дар боло зикршуда, баргузор менамуд.

  Аммо, ӯ маросими мазкурро 6 августа соли 2021, дар соати 20 бо иштироки зиёди меҳмонон ва бо додани се таом гузаронида, инчунин дар рӯзи дигар субҳи 7 августа соли 2021 маъракаро давом додааст.

  Тибқи талаботи моддаи 14 сархати 3-и Қонуни мазкур давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар карда шудааст.

Ҳамзамон, бо назардошти талаботи сархати 1, моддаи 14 нишонаи 1-и Қонуни мазкур Буранов А.З. мебоист, дар ҳолати тағир ёфтани рӯзи баргузории маросим, мақомоти ваколатдор ва комиссияи доимии маҳаллиро хабардор менамуд.

  Инчунин, тибқи талаботи моддаи 10 сархати 1-и Қонуни мазкур аз тарафи арӯс бо додани ош ва аз тарафи домод зиёфат бо назардошти талаботи пешбинигардида амалй карда шавад.

  Аммо, номбурда маросими тӯи духтарашро бо додани зиёфат ва бо додани се таъом баргузор намудааст, ки ин бархилофти талаботи қонунгузории мазкур мебошад.

  Прокурори шаҳри Левакант, нисбати Буранов Абдугафор Зоирович, бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ огоз намуда, ба суд ирсол намудаст.

Бо қарори суди шаҳри Левакант, Буранов А.З. ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ