Хабарҳо

Сафари кории Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Австрия

    3 августи соли 2021 дар доираи сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Ҷумҳурии Австрия мулоқоти ӯ бо Директори генералии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Австрия, муовини Прокурори генералӣ, намояндагони баландпояи Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ва дигар шахсони расмӣ доир гардиданд.

    Дар рафти гуфтушунид масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шартномаҳои байналмилалии СММ, вазъи амниятии Афғонистони ҳамсоякишвар ва таъсири он ба минтақа ва ҷаҳон, истирдоди ҷинояткорони дар кофтукови байналмилалӣ қарордошта ва хавфи онҳо ба Иттиҳоди Аврупо бо мисолҳои мушаххас, расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.

   Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муносибатҳои мустақими дуҷонибаро тақвият бахшида, дар самти мухталифи ҳамкориҳои ҳуқуқӣ аз ҳарду ҷониб мусоидат карда шавад.

     Сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо хотима ёфт.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ