Хабарҳо

Вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид

    2 августи соли 2021 дар доираи сафари кории Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод ба Ҷумҳурии Австрия мулоқоти ӯ бо роҳбари Дафтари СММ дар Вена-раиси Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва ҳамзамон муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид хонум Ғода Фатҳӣ Валӣ баргузор гардид.

    Дар рафти мулоқот вазъи амниятии Афғонистони ҳамсоякишвар, хатару чолишҳои вобаста ба муташанниҷ шудани вазъ дар ин кишвар ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон, зиёд шудан ва зарурати пурзӯр намудани муқовимат ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор, дар ин замина муқовимат ба терроризм ва маблағгузории он, мубориза бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, мубориза бо коррупсия, мусоидат дар татбиқи муштараки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ таҳти баррасӣ қарор дода шуданд.

  Хонум Ғода Фатҳӣ Валӣ махсусан иброз дошт, ки барномаҳои татбиқшаванда ва лоиҳаҳои нави Раёсат дар Осиёи Марказӣ бо нигоҳ ба маълумоти дастрасгардида ва бо инобати хатару чолишҳои имрӯза бознигарӣ карда мешаванд. Дар ин замина сафари коршиносони аршади Раёсат ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешавад.

   Инчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки муносибатҳои дуҷониба вусъат дода шуда, дар самти баргузор намудани чорабиниҳои байналмилалӣ ва дуҷонибаи муштарак мусоидат сурат мегирад.

Сафари корӣ ва мулоқот давом доранд. 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ