Хабарҳо

Хизматчии ҳарби дар зиндон !

 Мирзоев Абдусатор Абдураҳимович, тибқи фармони командири қисми ҳарбии 6593 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи сардори амбори лавозимоти алоқа ва воситаҳои муҳофизатӣ-муҳандисӣ техникии қисми ҳарбии зикршуда таъин гардида, дар давраи адои хизматаш даст ба содир намудани ҷинояти ба муқобили асосҳои сохтори конститусионӣ ва амнияти давлат задааст, ки моҳияти он дар мусоидат кардан дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ зоҳир мегардад.

 Чунончӣ, Мирзоев А.А. аз аввалҳои соли 2020 ақидаҳои ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон”-ро, ки дар асоси Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ (ифротгарой) эътироф гардида фаъолияташ қатъ карда шудааст, ҷонибдорӣ кардааст.

  Аз ҷумла, ӯ аз аввалҳои соли 2020 то 6 январи соли 2021 мунтазам бо истифода аз шабакаҳои интернета ва телефони мобилӣ шабона ҳангоми аз қисми ҳарбӣ баромадани афсарон, дари утоқи кориашро аз дохил маҳкам карда бо аъзоёни ташкилоти террористй-экстремистии ҲНИТ Садурдинов Муҳаммадиқбол Қаландарович ва Ашуров Ҳусейн, ки бо сабаби амалӣ намудани фаъолияти экстремиста дар кофтукови расмӣ қарор доранд, дар тамос шуда, аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон норозигӣ баён намуда, изҳор кардааст, ки дар ба амал баровардани фаъолияташон омода мебошад иштирок намуда ба онҳо кӯмак расонад.

  Зимни ин суҳбатҳо Садурдинов М.Қ. Мирзоев А. А.-ро талқин намудааст, ки сабр намуда, интизор бошад ба қариби инқилоб оғоз мешавад ва онҳо сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи зӯроварӣ тағйир до да мушкилоташро ҳал менамоянд.

  Дар як вақт Мирзоев А.А. вазифадор гардидааст, ки зимни оғоз гардидани инқилоби ба нақша гирифтаи онҳо ӯ, ки дар қисми ҳарбӣ вазифааш мутахассиси воситаҳои муҳофизатӣ, мӯҳандисӣ ва алоқа буда пайваста ба таъмир, васлу насби равшанидиҳандаҳо ва хати алокаи ҳайати каровулии муассисаҳои ислоҳӣ мебошад ба онҳо мусоидат намуда, дар ҳолати дар муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ capзадани ошӯби маҳбусон, ки тибқи нақшаи ҷинояткоронаи онҳо пешбинӣ шудааст воситаҳои алоқа ва қувваи барқро дар ин муассисаҳо ҳамчун мутасадии он хомӯш намуда, баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои ин ташкилоти террориста- эксртемистӣ мусоидат намуда, саҳмгузор мебошад.

  Сарпрокурори ҳарбии Чумҳурии Тоҷикистон оиди ин ҳодиса нисбати Мирзоев А.А. бо моддаи 3073 қисми 2 (Иштирок дар фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динй ё дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремиста кабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаи интернетро мукаррар менамояд) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парванди ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷом ёфтани тафтиши пешакй ба суд фиристонида шудааст.

  Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 5 майи соли 2021 Мирзоев А.А. бо моддаи 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорой низомаш пурзур таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ