Хабарҳо

Дуздии хизматчиён!

  Санаи 9 январи соли 2021 хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии 08010 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёдгоров Шоҳин Баҳромович, бо рафиконаш Мансуров Акбар Муродалиевич ва Мансуров Абубакр Муродалиевич вохӯрда, барои содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ маслиҳати пешакӣ намудаанд.

   Минбаъд, шаби 10 ба 11 январи соли 2021 ӯ дар якҷоягӣ бо Мансуров А.М. ва Мансуров А.М. аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мақсади содир намудани ҷиноятӣ дуздӣ ба хонаи шаҳрванд Мирзоев С.К. ки воқеъ дар ноҳияи Варзоб, чамоати Чорбоғ, деҳаи Шодоб, хонаи 282, пинҳонӣ даромада молу амволи ӯро, ки маблағи 11 687 сомониро ташкил медод, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

   Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳодисаи мазкур нисбати Мансуров А.М., Мансуров А.М. ва нисбати хизматчии ҳарбӣ Ёдгоров Ш.Б. бо  моддаи 244 қисми 2 бандҳои «б, в, г» (Дуздӣ, яъне тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз анҷом ба суд ирсол намудааст.

   Бо хукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе, аз 12 апрели соли 2021 Ёдгоров Ш. Б., Мансуров А. М. ва Мансуров А. М. бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои «б, в, г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, нисбаташон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуотии Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон