Хабарҳо

Ба худкуши расондан!

  Санаи 14.02.2021 сол тахминан соати 08:30 дақиқа ба беморхонаи марказии ноҳияи Рашт ҷасади шаҳрванд Додова Н.Н. санаи таваллудаш 28.09 соли 2002 бо аломатҳои марги маҷбурӣ-худовезӣ дохил гардида, зимни азназаргузаронии ҷасад хешони марҳум барои кушодани ҷасад розигй надода, ҷасадро маҷбуран гирифта, ҳамон рӯз дафн кардаанд.

  Прокурори ноҳия, 19.02 соли 2021 оиди ҳодисаи ба худкушй расонидани Додова Н.Н. бо моддаи 109 қисми 2 (Бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида ба худкушй ё сӯиқасди худкушй расонидани шахе) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст.

  Муайян карда шудааст, ки Саймаҳмадов Искандаршо Нуралиевич, бо Додова Н.Н. 08.08 соли 2020 ақди никоҳ баста, муддати 7 моҳи зиндагии якҷоя мунтазам Додова Н.Н.-ро таҳти лату куб қарор до да, 13.02 соли 2021 бошад, бо баҳонаи он, ки бидуни иҷозат ба хонаи волидонаш рафтааст, бо мақсади додани озори ҷисмонй ба дасту пойҳо, миён ва қафаси синаи Додова Н.Н. зарбаҳо зада, таҳқирҳо кардааст. Додова Н.Н. ба ранҷу азобҳои мунтазами шавҳараш тоқат накарда, 14.02 соли 2021 тахминан соати 7:25 дақиқа худро бо банд дар ошхонаи ҳавлии истиқоматии шавҳараш воқеъ дар деҳаи Машконаки ноҳияи Рашт овехта, ба ҳалокат расонидааст.

   Парвандаи ҷиноятӣ, баъди анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

   Бо ҳукми суди ноҳияи Рашт, Саймаҳмадов И.Н. бо моддаи 109 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 5 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуотии Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон