Хабарҳо

Азонихудкунии амвол!

  Директори ҶДММ «Мушараф» шаҳрванд Холов Маҳмадамин Юсуфалиевич, дар асоси шартномаи тендерӣ аз 28 августа соли 2020 уҳдадор буд, ки ба Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2.488.135 сомонӣ маҳсулоти хӯрока таъмин намояд. Тибки талаботи қарордод Агентии мазкур ба суратҳисоби ҷамъияти зикршуда маблаги 1.094.065 сомонӣ арзиши карордодро пешпардохт кардааст.

   Аммо, бархилофи талаботи қарордод Холов М.Ю. ба маблаги 556.278 сомонӣ ба анбори Агентии таъминоти амволи махсус маҳсулоти хӯрока ворид намуда, 537.787 сомониро аз они худ карда, ба манфиатҳои шахсиаш истифода намудааст.

  Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 9 марта соли 2021 нисбати Холов М.Ю. бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” (азонихудкунӣ ба миқдори махсусан калон) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Дар рафти тафтиш зарари расонида шуда, ба маблаги 333.000 сомонӣ барқарор карда шуда, парвандаи ҷиноятӣ ба суд ирсол карда шудааст.

  Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 31 марта соли 2021 Холов М.Ю. дар содир намудани ҷиноятӣ дар моддаи 245 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, маҳкум карда шудааст.

 

Маркази матбуотии Прокуратураи

генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон