Хабарҳо

Одамкуши бо бераҳмии махсус !

  05.03.2021 сол тахминан соати 1400 Абдураҳмонова Муборак Азимҷоновна, бо мақсади одамкушӣ, яъне касдан аз ҳаёт маҳрум намудани одами дигар, ки оҷизиаш барои гунаҳгор баръало маълум буд, хурдсол Абдураҳмонов Ахмад Хусравовичро 07.06.с.2014 санаи таваллудаш, хонандаи синфи 1-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №50-и ноҳияи Сино, бо роҳи фиреб ба манзили истиқоматии худ, вокеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Кошевой, хонаи 23/1 бурда, аз ҳиссиёти қасду бадбинӣ, хусумат ва ҷанҷоли оилавӣ, ӯро буғӣ намуда, баъдан бо ҳарду дастонаш сари хурдсолро дошта, якчанд маротиба ба девори дохили хона зада ва якчанд маротибаи дигар бо муштонаш ба сару рӯйи хурдсол зарба зада, охиринро ба қатл расонидааст.

   Прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, нисбати Абдураҳмонова М.А. бо моддаи 104 қисми 2 банди “в” (одамкушӣ баръало ноболиғ ё шахсе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор доштани ӯ барои гунаҳгор аён аст) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷом ёфтани тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.

     Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 31 майи соли 2021 Абдураҳмонова М.А. бо моддаи 104 қисми 2 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 16 сол бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорой низомаш умумӣ таъин карда шудааст.

 Маркази матбуотии Прокуратураи

 генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон