Хабарҳо

Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ !

  26 феврали соли 2021 харидори шартӣ Холмуродов Абдураҳмон Қурбонбоевич, ба бозори ҶДММ “Варзмол”-и шаҳри Турсунзода ҳозир гардида, ба Назаров Ҳабибулло Маҳбулоевич, ки дар бозори мазкур ба фуруши маҳсулоти матоҳи машғул буд, барои иваз кардани маблағи 3000 доллари ИМА муроҷиат менамояд.

   Назаров Ҳ.М., ки барои иваз кардани ин микдор маблағ имконият надошт бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба соҳибкори ҳамин бозор Атабоев Маҳмудҷон Мамадаминович муроҷиат карда, ба ӯ 100 доллари ИМА-ро бар ивази 1145 сомонӣ пешниҳод намуда, маслиҳат мекунанд. Сипае Атабаев М.М. ба пешниҳоди Назаров Ҳ.М. рози шуда, маблағи 34350 сомониро бо худаш гирифта, дар дохили автомашина бо 3000 долари ИМА иваз намуда мегирад.  

  Назаров Х,.М., ки аз муомилоти ғайриқонуниаш мақсади 300 сомонӣ фонда ба даст оварданро дошт, баъди аз автомашина фаромадани харидори шартӣ Холмуродов А.Қ. ба нуқтаи савдояш бурда ҳангоми ҳисоб кардани ин маблағ аз ҷониби кормандони прокуратураи шаҳри Турсунзода дастгир карда мешавад.

Прокуратураи шаҳри Турсунзода нисбати Назаров Ҳ.М. ва Атабоев М.М. бо қисми 2 моддаи 286 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъди анҷом ёфтани он ба суд ирсол намудааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода, аз 24 апрели соли 2021 Назаров Ҳ.М. ва Атабоев М.М. бо моддаи 286 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунҳгор дониста шуда, маҳкум карда шудаанд.

 

 Маркази матбуотии Прокуратураи

 генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон